САЙТИ АЛОҲИДАИ ИНТЕРНЕТӢ БАРОИ ЗАНОН
Вашингтон, 6 январ. (АМИТ «Ховар» — ИТАР — ТАСС). — Дар шабакаи ҷаҳонии интернет барои занони ашроф ва сарватманд саҳифаи махсус кушода шуд. Онҳо ба воситаи сайти нав дар бораи либосҳое, ки бо онҳо ба мулоқоту зиёфатҳо ва маросими қабул мераванд, табодули назар мекунанд. Бо ҳамин роҳ имконияти бо як навъи либос ба зиёфат ҳозир шудани чанд зан аз байн бурда мешавад. Сайти мазкур ҳафтаи гузашта дар ИМА кушода шуд. Онро дар давоми чор ҳафтаи охир бештар аз 300 ҳазор нафар истифода бурд. Хоҳишмандон метавонанд дар сайти мазкур акси худро ҷой диҳанд. Ҳадафи кушодани сайти махсус барои занон такрор нашудани ороиши рӯй ва пӯшидани либосҳои ба ҳамдигар монанд дар маросимҳои гуногун мебошад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






