САРҲАДЧИЁН ДАР ПАНҶИ ПОЁН 22 КИЛОГРАММ МАВОДИ НАШЪАДОР МУСОДИРА НАМУДАНД

Январь 7, 2009 10:18

Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Рӯзҳои аввали соли 2009 хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии Панҷ ва нуқтаи алоҳидаи гузаргоҳи Панҷи поёни қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ноҳияи Панҷ амалиёти махсуси низомӣ анҷом доданд. Аз маркази матбуоти Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар натиҷаи муқобилияти мусаллаҳонаи гурӯҳи қочоқбари афғон зери роҳбарии шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Суфи Нозукмир валади Вакилакбар, сокини вулусволии Имомсоҳиби вилояти Қундузи Афғонистон несту нобуд карда шуд.Дар ҷои ҳодиса зиёда аз 22 килограмм маводи нашъадор, аз ҷумла беш аз 14 килограмм героин, қариб 4 килограмм чакидаи афюн, зиёда аз 4 килограмм чарс, 1 автомати Калашников бо тирдон ва тирҳояш ёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш давом дорад.

Январь 7, 2009 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд