САРМОЯГУЗОРОНИ ХОРИҶӢ БА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲО ДАР ҶТ ҲАВАСМАНД

Январь 30, 2009 11:09

                   Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нишондодҳои пешакӣ пешбинӣ кардааст, ки бо вуҷуди паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар дар соли ҷорӣ ду баробар афзоиш хоҳад ёфт.                  Бояд гуфт, ки сармоягузории мустақими хориҷӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли 2008 маблағи беш аз 2 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли 2007-ум 260 миллион доллари ИМА зиёд аст. Гуфтанист, ки тибқи гузориши охирони Комиссияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва тавсеа ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли гузашта нисбат ба кишварҳои ҳамсуд болотар нишон дода шудааст.                   Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамралиев мӯътақид бар он аст, ки ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ барои вусъат додани бахшҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат муҳим аст. Ӯ афзуд, ки сарфи назар аз таъсироти бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ кишварҳо ва созмонҳои молии сармоягузор дар Тоҷикистон ҳамчунон фаъол ҳастанд ва омодаанд дар иҷрои лоиҳаҳои мухталиф саҳм гузоранд. Бо ин мақсад, Кумита беш аз 100 тарҳи сармоягузориро ба сармоягузорони хориҷӣ ва дохилӣ пешниҳод кардааст.

Январь 30, 2009 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд