САРМУҲОСИБ ВА ХАЗИНАДОР БАРОИ АЗ ХУД НАМУДАНИ МАБЛАҒИ 221058 СОМОНӢ ДАСТГИР ГАРДИД

Январь 13, 2009 15:39

Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Сармуҳосиби коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд Наима Шамсиддинова  ва хазинадори ҳамин муассиса Баҳриниссо Зокирова бо ҳам забон як карда, аз моҳи январи соли 2006 то моҳи декабри соли 2008 бо роҳи зиёд намудани ҷамъи маблағи варақаҳои пардохти музди меҳнати омӯзгорон, маблағи 221058 сомониро аз худ намудаанд. Аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Н. Шамсиддинова ва Б. Зокирова тибқи моддаи 245, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста мешаванд. Нисбати онҳо аз тарафи шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд тафтиш давом дорад. 

Январь 13, 2009 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад