САРШУМОРИ ЧОРВОИ КАЛОН АФЗОИШ ЁФТААСТ

Январь 15, 2009 15:16

          Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки саршумори чорвои калони шохдор дар ҷумҳурӣ сол аз сол зиёд мегардад. То 1-уми декабри соли 2008 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагӣ саршумори чорвои калони шохдор ба 1758115 сар расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 ба миқдори 272,1 ҳазор сар ё 18,3 фоиз зиёд аст. Афзоиши саршумори чорвои калони шохдор дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ба миқдори 55 ҳазору 406 сар, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 97 ҳазору 970 сар ва  аҳолӣ 1млн.604 ҳазору 739 сар ба ҳисоб гирифта шуда бошад ҳам, дар бозорҳои шаҳру навоҳии кишвар нарасидани маҳсулоти чорво ва боло рафтани нархи он ҳис карда мешавад. Аз ин рӯ дар назди ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ масъалаи зиёд намудани маҳсулоти чорво дар соли 2009 яке аз масъалаҳои асосӣ боқӣ мемонад.

Январь 15, 2009 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад