САРВАРИ ДАВЛАТ ДЕВИД ПЕТРИУСРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ

Январь 17, 2009 13:16

17 январи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарфармондеҳи Нерӯҳои марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Девид Петриусро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар робита ба фаъолияти нерӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон баррасӣ шуд.«Тоҷикистон қарори роҳбарияти Амрикоро оид ба зиёд намудани шумораи низомиёни худ дар Афғонистон пурра дастгирӣ мекунад», —  изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд, ки мубориза бо маводи мухаддир низ бояд ба салоҳияти нерӯҳои эътилофӣ ҳамроҳ карда шавад.Девид Петриус ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри мусоидати фаъоли Тоҷикистон ба нерӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон арзи сипос намуд.Барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон ва мусоидат ба ҳифзи иҷтимоии аҳолии он, аз ҷумла муҳайё намудани ҷойҳои корӣ аз роҳҳои асосии таъмини ҳаёти осоишта дар ин кишвар маънидод гашт. Мусоҳибон аз сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳои миёни сохторҳои дифоӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.Дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Амрико ва рушди ҳамкориҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Январь 17, 2009 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад