САРВАЗИРИ ТУРКИЯ ДАВОСРО ТАРК НАМУД
Давос, 30 январ. (АМИТ «Ховар» — РБК). — Дар мулоқоти бахшида ба проблемаҳои ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос байни сарвазири Туркия Раҷаб Тоиб Ардагон ва президенти Исроил Шимон Перес мубоҳисаи пурҷӯшу хурӯш баргузор гардид. Ш.Перес мавқеи мамлакаташро дар муноқишаи чанде пеш дар воҳаи Ғаззаҳ ба амал омада ҳимоя намуд. Баъд аз ин сарвазири Туркия аз раиси маҷлис хоҳиш кард, ки ба ӯ сухан диҳад. Раиси маҷлис ба ӯ барои суханронӣ танҳо як дақиқа мӯҳлат дод. Сарвазири Туркия аз он изҳори таассуф намуд, ки иштирокчиёни маҷлис баъди суханронии президенти Исроил дуру дароз чапакзанӣ карданд. Ҳол он ки дар натиҷаи амалиёти харбии Исроил дар воҳаи Ғаззаҳ теъдоди зиёди одамон ҳалок шуданд, гуфт Ардагон. Раиси маҷлис баъди ин суханронии сарвазири Туркияро бурида, гуфт, ки барои баҳсу мунозира вақт нест ва иштирокчиёни маҷлис бояд хӯроки шом хуранд. Сарвазири Туркия баъди ин изҳор намуд, ки иштирокаш дар маҷлис анҷом ёфтааст ва дигар ба Давос нахоҳад омад. Вай баъди ин суханон толори маҷлисро намоишкорона тарк намуд. Иштирокчиёни маҷлис ва журналистон аз ин рафтори Р.Т.Ардагон ба ҳайрат афтоданд. Зеро ӯ қабл аз ин ҳамчун шахси орому ботаҳаммул ва дурандеш маъруф гардида буд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар натиҷаи амалиёти ҳарбии Исроил дар воҳаи Ғаззаҳ қариб 1,3 ҳазор фаластинӣ ба ҳалокат расид ва қисми зиёди онҳо сокинони маҳаллӣ мебошанд. Дар ин амалиёт аз ҷониби Исроил ҳамагӣ 13 нафар ҳалок шудааст. Мамлакатҳои ҷаҳон амалиёти ҳарбии Исроилро бо назардошти истифодаи аслиҳаи мамнӯъшуда, аз ҷумла, гулӯлаҳои фосфорӣ ва ҳадафи оташ қарор додани намояндагиҳои хайрияи СММ шадидан маҳкум намуданд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






