ШАБИ ЭҶОДИИ ГУЛНАЗАР КЕЛДӢ

Январь 23, 2009 10:44

               Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо ибтикори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 январ дар «Кохи Ҷомӣ» шаби эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ доир мегардад.               Дар ин базми шеъру суруд дар баробари қироати порчаҳои шеърӣ аз ҷониби худи шоир ва ҳамкасбон, инчунин устодони санъати Тоҷикистон, аз қабили Афзалшо Шодиев, Хосият Ортиқова, Қобилҷон Зарифов, Сайидқул Билолов ва дигарон аз эҷодиёти ин шоири хушсалиқа сурудҳо месароянд.              Мавриди ёдоварист, ки шоир Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дар-дари ноҳияи Айнӣ таваллуд шуда, дастпарвари Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мебошад. Китобҳояш бо номҳои «Расми сарбозӣ», «Дастархон», «Нардбон», «Ағба», «Паҳно», «Лангар», «Чашми нигин», «Пайи дарё», «Табхола» ва ғайраҳо чоп шудаанд, ки дар назми муосири тоҷик мақоми хос доранд.

Январь 23, 2009 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад