ШАРОРА 20 СОЛА ШУД

Январь 23, 2009 11:02

                Душанбе, 23 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрӯз аз фоҷиаи мудҳиш -заминларзаи Шарора, ки соати 5-05 дақиқаи 23 январи соли 1989 ба вуқӯъ омада буд 20 сол сипарӣ шуд. Дар натиҷаи ин ҳодисаи мудҳиш шаҳраки Шарора ва деҳаҳои Оқулии Боло ва Оқулии Поёни ноҳияи Ҳисор зери хоку лой монд ва имрӯз он мазореро мемонад. Дар ин ҳодисаи табиӣ беш аз 300 нафар сокинони ин маҳаллаҳо ҳалок гардида буданд.                 Назар ба андешаи муовини директори Институти сохтмони зилзилатобовар ва сейсмологияи Академяи илмҳои ҷумҳурӣ Фаршед Каримов, сабаби ба вуҷуд омадани чунин як ҳодисаи табиӣ ин нам кашидани қабати гилхок буд, яъне ҷамъ шудани об дар зери теппае, ки атрофи ин маҳалро иҳота мекард ва дар натиҷаи заминларза, ки қувваш 7 бал буд, он такон хӯрда, хоку лой шаҳрак ва ду деҳаро пӯшонд. Бояд гуфт, ки соли 1963 дар ин ҷо канал сохта шуда буд ва он муддати 25 сол фаъолият мекард ва бемасъулиятии баъзе роҳбарони соҳа сабаби ба вуқӯъ омадани чунин ҳодисаи мудҳиш гардид.                Тибқи иттилои Фаршед Каримов дар тӯли сад соли охир дар қаламрави Тоҷикистон чандин зилзилаи мудҳиш ба вуқӯъ омадааст, ки сабаби харобиҳои зиёд ва ҳалокати одамон шудаанд. Зилзилаи Қаратоғ (1907), Сарез (1911), Ҳоит (1949), Ғарм (1941), Файзобод (солҳои 1930-1943), Ҷиргатол (1984), Қайроқум (1985) ва Шарора (1989) аз ҳамин қабил мебошанд.                 Бояд зикр кард, ки ягона нишонае, ки аз ҳодисаи мудҳиши зилзилаи Шарора боқӣ мондааст тифли 8-рӯзае буд, ки ӯро дар дохили гаҳвора аз зери хоку лой пайдо намуда буданд. Ба ин тифл ҳамчун ёдгор баъдан Шарора ном гузоштанд. Шарора алҳол донишҷӯи бахши 2-уми забони немисии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон аст.  Роҳбари бахше, ки дар он Шарора таҳсил менамояд Мадина Ҳамидхонова мегӯяд, ки Шарора бо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва табиати ороми худ дар миёни шарикдарсонаш тафовут дорад. Ӯ донандаи хуби забони немисӣ буда, бо дастгирии падархонди австриягиаш Леополд Гугенберг соли 2006 ба як қатор давлатҳои Аврупо сафар кардаст.                 Дар ин рӯз хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Шарора дар тамос шуда, пурсон шуд, ки дар дил чи орзу дорад? Шарора дар посух гуфт, ки -«Таманнои ман ба мардуми тоҷик ва сайёра оромию осоиштагӣ ва саодати рӯзгор буда, мехоҳам, ки дигар Яздони пок рӯзҳои мудҳишро, хусусан зилзиларо ба сари мардум наорад».   

Январь 23, 2009 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад