ШАРТНОМАҲО АМАЛӢ ГАРДОНИДА ШУДАНД

Январь 15, 2009 08:51

           Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Раёсати равобити хориҷии Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон дар бобати мубодилаи маводи ғизоӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сол аз сол беҳтар мегардад. Соли 2008 дар асоси шартномаи табодули маводи ғизоӣ аз ҷумла, маҳсулоти кишоварзӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон беш аз 532,6 тонна маҳсулот, ки 409 тоннаи онро пиёзи барвақтӣ ва 132 тонна меваи тару тоза ташкил дод,  содир карда шуд.           Аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон 298 ҳазору 106 тонна орд, 133 ҳазору 655 тонна гандум, 1140 тонна равған ва ба миқдори зарурӣ сӯзишвории дизелӣ, равғанҳои молиданӣ ва безин ворид карда шуд. Дар соли 2009 муносибатҳои ҳамкорӣ ва додугирифт бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар сатҳи боз ҳам баландтар ба роҳ монда мешавад.           

Январь 15, 2009 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд