ШОҲМОТБОЗОНИ ТОҶИК ҶОИ 25 – УМРО ИШҒОЛ НАМУДАНД
Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар шаҳри Алайни Аморатҳои Муттаҳидаи Араб мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмотбозони мамлакатҳои Осиё анҷом ёфт. Дастаи шоҳмотбозони тоҷик дар ин мусобиқа ширкат варзида, дар байни 30 даста ҷои 25 – умро ишғол намуд. Шоҳмотбозони тоҷик дар ҷараёни мусобиқа ду ғалаба ба даст оварда, як қувваозмоиро якранг анҷом дода ва дар се қувваозмоӣ мағлуб гардиданд. Дастаи Тоҷикистон дар даври хотимавӣ аз идомаи мусобиқа маҳрум гардид. Дар ин мусобиқа дастаи шоҳмотбозони шаҳри Алайн ғолиб омада, соҳиби мукофоти асосии он — 20 ҳазор доллари ИМА гардид.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






