ШУДГОРИ ЗАМИНҲО ТАШВИШОВАР ГАРДИДААСТ
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар якқатор ноҳияҳои вилояти Хатлон шудгори заминҳои аз ғӯзапоя тозакардашуда ғайри қаноатбахш аст. То 31-уми декабри соли 2008 дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз майдони 12 ҳазору 100 гектар ҳамагӣ 20 гектар ва дар ноҳияи Қумсангир аз масоҳати 9200 гектар камтар аз 40 гектар замин шудгор карда шудааст. Чунин вазъияти бади кор дар ноҳияҳои Қубодиён, Панҷ, Ҷиликӯл ва ноҳияи овозадори Шаҳритус ҳам мушоҳида гардид. Дар ин ноҳияҳо шудгори заминҳо муттаносибан -1, -1,9, -5,1 ва 6,4 фоиз анҷом дода шудааст, ки ин боиси нигаронии мутахассисони соҳаи кишоварзии Вазорати мазкур гардида аст.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






