ШУМОРАИ КОНСУЛХОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУСИЯ ЗИЁД МЕГАРДАД

Январь 22, 2009 10:08

                Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дирӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҷавоби саволҳои хабарнигорон дар бораи он, ки чаро коргарони муҳоҷири тоҷик барои ба ватан фиристодани ҷасадҳои ҳамдиёронашон аз ҳисоби худ маблағ ҷамъ мекунанд ва чаро сафорати Тоҷикистон дар Русия ба мардикорон ҳатто барои тайёр кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ кӯмак намерасонад, ҷавоб дода, зикр кард, ки барои расондани кӯмак ба коргарони муҳоҷир ва мардикорон аз ҳамаи тадбирҳо истифода бурда мешавад. Вале ин масъала хеле душвор ва мураккаб мебошад. Аз тарафи вазорати корҳои хориҷӣ, сафорат ва консулхонаҳои Тоҷикистон дар Русия ҳамаи тадбирҳо андешида шаванд ҳам, кифоя нестанд.                Қайд карда шуд, ки тибқи нақшаи вазорат ояндаи наздик шумораи консулхонаҳои Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русия зиёд карда мешаванд.               Вазир изҳор намуд, ки дар семоҳаи аввали соли равон панҷ сафири Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ иваз карда хоҳад шуд. Вай қайд намуд, ки ҷараёни иваз намудани сафирон баъди ба кор омадани ӯ оғоз ёфт. Таъкид карда шуд, ки Президенти ҷумҳурӣ дар масъалаи иваз кардани сафирон дастури мушаххас додааст.               Ҳ.Зарифӣ дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки бо сабаби боздоштани интиқоли қувваи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон ба воситаи шабакаи барқи Ӯзбекистон ҳар рӯз дар обанборҳои Норак ва Қайроққум илова ба меъёри муқаррарӣ ба миқдори 50 сантиметри сатҳи обанборҳо барои таъмини фаъолияти нерӯгоҳҳои барқӣ сарф карда мешавад. Ба қавли ӯ, бар асари ин вазъият мамлакатҳои поёноби минтақа дар давоми соли равон бо проблемаи нарасидани об рӯ ба рӯ гардида метавонанд.

Январь 22, 2009 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад