ШВЕТСИЯ ТЕЪДОДИ НИЗОМИЁНАШРО ДАР АФҒОНИСТОН ЗИЁД МЕКУНАД

Январь 21, 2009 15:13

            Кобул, 21 январ. (АМИТ «Ховар» — Синхуа). — Сарвазири Шветсия Фредерик Рейнфелд 19 январ ғайричашмдошт ба Афғонистон сафар кард. Вай дар шаҳри Мазори Шариф бо шароити хизмат ва буду боши аскарону афсарони мамлакаташ шинос гардида, бо сокинони маҳаллӣ мулоқоту сӯҳбатҳо анҷом дод. Ҳоло дар вилояти Мазори Шариф 400 хизматчии ҳарбии Шветсия ҷой дода шудааст.            Ҳукумати Шветсия бо назардошти таъмини амният дар бораи сафари сарвазир танҳо баъди ба Мазори Шариф омадани ӯ хабар дод. Дар бораи тафсилоти сафар чизе гуфта нашудааст. Парлумони Шветсия қарор қабул намуд, ки то охири ҳамин сол шумораи низомиёни ин мамлакат дар Афғонистон то 500 нафар зиёд карда мешавад.  

Январь 21, 2009 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд