СОХТМОНИ КАНАЛИ СЕБИСТОН ДАВОМ ДОДА МЕШАВАД

Январь 16, 2009 16:41

         Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли 2009 дар ноҳияи Тоҷикобод даври дуюми сохтмони канали Себистон оғоз меёбад. Ба истифода додани канали мазкур имкон медиҳад, ки дар ноҳия боз 250 гектар замини нав азхуд карда шавад.          Картошкапарварони ноҳия таҷрибаи аз ҳар гектар ба даст овардани 270-300 сентнерӣ картошкаро доранд. Ба гуфти мардуми таҳҷоӣ, аз навъи картошкаи «Кардинал» аз заминҳои ин ноҳия то 500-550 сентнерӣ ҳосил гирифтан мумкин аст. Дар сурати ба истифода додани 250 гектар замини навкорам истеҳсоли картошка дар ноҳия ба 2,5-3 ҳазор тонна расонида мешавад. Дар баробари ба истифода додани замин,ҷойҳои нави корӣ пайдо гардида, садҳо нафар сокинони ноҳия ба корҳои истеҳсолӣ ҷалб хоҳанд шуд.

Январь 16, 2009 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад