СОХТМОНИ ТЕРМИНАЛИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МАЙДОНИ ҲАВОИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ОҒОЗ МЕЁБАД
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).-Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷик Эйр» бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти корхона дар соли 2008 ҷамъомади серодам баргузор гардид. Муовини директори генералии корхона Сангинмурод Нуруллоев ба ҳозирон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти ҳамаи раёсату шӯъбаҳои он маълумот дод. Қайд карда шуд, ки корхона бо вуҷуди рақобати шадиди ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ тавонист, ки натиҷаҳои фаъолияташро бештар гардонад. Дар натиҷа ҳаҷми ҳамлу нақли почта ва молҳои дигар ба воситаи нақлиёти ҳавоӣ нисбат ба соли 2007 — ум 13,7 фоиз афзуд. Соли гузашта 2,4 ҳазор тонна молҳои гуногун интиқол дода шуданд. Дар ин давра ҳавопаймоҳои Тоҷикистон мувофиқи қарордоду шартномаҳо ба мамлакатҳои дигар парвоз карданд. Корхона соли 2008 барномаи фиристодани сокинони ҷумҳуриро ба зиёрати ҷойҳои муқаддаси ислом бомуваффақият иҷро намуд. Барои ин бо ширкатҳои ҳавоии Аморатҳои Муттаҳидаи Араб шартнома имзо карда, аз ҳавопаймоҳои «Боинг 757- 200», «МД -82 » ва «МД-83» истифода карда шуданд. Соли 2008 корҳои марбут ба беҳтар сохтани сифат ва ҳаҷми кори ҳавопаймоҳо ва истифодаи ҳавопаймоҳои сохти хориҷӣ давом дода шуд. Бо ин мақсад ба такмили маҳорати мутахассисони ҷавони маҳаллӣ, сарнишинон ва пешхизматҳо диққати калон дода мешавад. Айни замон барои иваз кардани ҳавопаймоҳои кӯҳна бо ҳавопаймоҳои нави сохти Чин тадбирҳо андешида мешаванд. Ҳукумати Чин бо ин мақсад барномаи ҷудо кардани қарзи имтиёзнокро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Тоҷикистон дар заминаи барномаи мазкур аз Чин ҳавопаймоҳои муҷаҳҳаз ва барҳавои МА-60- ро дастрас менамояд. Соли 2008 бо назардошти зиёд гардидани теъдоди мусофирон корҳои тайёрӣ ба сохтмони терминали нави байналхалқии фурудгоҳи Душанбе анҷом дода шуданд. Дар терминали мазкур дар як соат якбора ба 500 мусофир хизмат расонида мешавад, қайд карда шуд дар ҷамъомад.








Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






