СЎҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ Э. РАҲМОН БО М. АҲМАДИНАЖОД

Январь 29, 2009 18:53

Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод сўҳбати телефонӣ баргузор гардид.Сарварони ду кишвари дўст масоили вазъи ҳозира ва дурнамои рушди равобити дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб барои таъмини тавсеа ва густариши бемайлони  ин равобит чораҳои  мушаххас хоҳанд андешид. Рафти сохтмони  пружаҳои  ҳамкорӣ дар соҳаҳои  гидроэнергетикӣ ва нақлиётӣ баррасӣ шуд ва ҷонибҳо иродаи худро ҷиҳати қабл аз мўҳлати  пешбинишуда ба итмом расонидани  онҳо  изҳор намуданд.Зимни гуфтугў мавзўъҳои ҳамкориҳои низомиву амниятӣ дар маркази таваҷҷўҳи тарафайн қарор доштанд. Сарварони ду кишвар  таъмини тамосҳои доимии роҳбарони ниҳодҳои қудратиро амри зарурӣ ҳисобида, мавриди ниёз будани инкишоф ва рушди чунин ҳамкориҳоро бори дигар таъкид намуданд.Масоили  минтақавӣ  ва байналмилалии  мавриди таваҷҷўҳи тарафайн низ аз мавзўҳои муколамаи  телефонӣ буд. Президенти Тоҷикистон  баргузории ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиро (ЭКО) таъйид намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои ширкат дар ин ҷаласа иброз дошт.Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон  бо дарназардошти вазъи душвори зимистони имсола дар Тоҷикистон омодагии ҷониби Эронро ҷиҳати ба кишвари мо расонидани кўмаки бародарона иборат аз сўзишвориву дигар  маводи мавриди ниёз изҳор намуд ва ин ибораҳои  ў аз ҷониби Сарвари Тоҷикистон бо сипосу қадрдонӣ истиқбол гардид.

Январь 29, 2009 18:53

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад