СУПОРИШҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ ИҶРО МЕШАВАНД?

Январь 17, 2009 12:41

Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 16 январи соли равон зимни суханронии хеш дар ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, инчунин Бонки миллӣ супориш дод, ки якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор доир ба афзоиш додани захираҳои дохилии молиявӣ ва таъсис додани фонди устуворсозии рушди иқтисодиёт тадбирҳои зарурӣ андешида, иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳоро оид ба боздошти болоравии сатҳи таваррум таъмин намоянд.  Инчунин, зикр кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи сиёсати пулиро дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати андозу буҷет таъмин намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоиди ҷалби амонатҳо, ки захираи муҳими сармоягузории дохилӣ мебошанд, содда намудани тартиби ҳуҷҷатгузорӣ дар мавриди пешниҳоди қарзҳо диққати махсус диҳад. Аз таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисодӣ бармеояд, ки ба афзоиши бештари маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баъзе монеаҳо, хусусан 4 фоиз кам шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва 16 фоиз кам шудани ҳаҷми солонаи истеҳсоли пахта, инчунин сатҳи пасти истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ таъсири манфӣ расониданд.Бо вуҷуди афзоиш ёфтани гардиши савдои хориҷӣ масъалаҳои кам будани ҳаҷми содироти молу маҳсулот, касри манфии миёни содироту воридот, ки аз ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ қариб 40 фоизро ташкил карда, ба тавозуни пардохти кишвар таъсир мерасонад, боиси нигаронӣ мебошанд.           Аз ин рӯ, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва саноат, кишоварзӣ ва Бонки миллӣ зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади ба эътидол овардани тавозуни гардиши савдои хориҷӣ ҷиҳати таъмин кардани рушди босуръати ташкилоту корхонаҳои содиркунандаи молу маҳсулот ва диверсификатсияи содирот чораҳои зарури андешанд.

Январь 17, 2009 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад