ТАҚДИРИ ШЕРБАЧАҲО ҲАНӮЗ МАЪЛУМ НЕСТ

Январь 10, 2009 13:18

        Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Тавре хабар дода шуда буд, 28 сентябр дар Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе аз ду сар шер якбора чор шербача ба дунё омад. Ин дар таърихи боғи ҳайвоноти пойтахти Тоҷикистон воқеаи ягона мебошад. Дар маъмурияти Боғи ҳайвонот ба мухбири АМИТ  «Ховар» гуфтанд, ки қабл аз ин дар ин ҷо аз ҳама бештар ду шербача таваллуд шуда буд. Дар назари аввал таваллуди шербачаҳо дар боғи ҳайвонот воқеаи хурсандибахш менамояд.        Вале онҳо барои кормандони боғи ҳайвонот баъзе мушкилиҳоро пеш оварданд. Аз ҷумла ҳар чор шербача ҳар рӯз камаш 10 килограм гӯшт мехӯрад. Инчунин барои нигоҳ доштани онҳо дар боғи ҳайвонот ҷои мувофиқ нест. Хулоса, боғи ҳайвоноти Душанбе барои нигоҳубини онҳо имконият надорад.         Ғайр аз ин дар боғи ҳайвонот нигоҳ доштани   6 сар шер ҳоҷат нест. Бинобар ин маъмурияти боғи ҳайвонот қарор дод, ки шербачаҳоро ба Боғи ҳайвоноти шаҳри Ялта дода, ба ивази онҳо аз ин ҷо кенгуру гирад. Қайд карда лозим аст, ки  Боғи ҳайвоноти Душанбе  бо Боғи ҳайвоноти Ялта созишномаи ҳамкорӣ имзо кардааст. Қабл аз ин қарор дода шуда буд, ки шербачаҳо ба сирки давлатӣ дода шаванд. Вале дар ин ҷо ҳам барои нигоҳубини онҳо шароит  вуҷуд надорад.         Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки як ҳафта пеш дар Боғи ҳайвонот боз  як хирсбача, як гург ва як шағол ба дунё омаданд. Тақдири минбаъдаи онҳо низ маълум нест.

Январь 10, 2009 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад