ТАҶДИДИ САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ БОНК
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Ҷамъияти саҳомии «Тоҷиксодиротбонк», ки дар байни бонкҳои мамлакат мақоми муҳим дорад, аз 1 январи соли равон сар карда, ба таҷдиди номи идорӣ, самтҳои асосии фаъолият, тамғаи молӣ, усулҳои хизматрасонӣ ва кор бо мизоҷону шариконаш шурӯъ намуд. Мудири шӯъбаи маркетинги бонк Мақбулшо Имматшоев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки самтҳои асосии фаъолияти бонк ва тамғаи молию хизматҳои он дар давоми 16 соли охир бори аввал тағйир дода мешаванд. Ин чунин маъно дорад, ки дар фаъолияти бонк барои беҳтар сохтани усулҳои хизматрасонӣ ба мизоҷон ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои дигари молиявӣ тағйироти куллӣ ба амал омадааст. Ба қавли мутахассис, ин тадбирҳо ба афзунтар сохтани шӯҳрати бонк дар байни аҳолӣ ва ҷалби мизоҷони нав мусоидат мекунад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






