ТАҶЛИЛИ ИДИ МАВЛУДИ ИСОИ МАСЕҲ

Январь 6, 2009 15:16

Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Имшаб соати 3 дар ибодатхонаи православии  Николски шаҳри Душанбе бахшида ба иди  мавлуди Исои Масеҳ ва  ғусли таъмид намози идона гузорида мешавад. Аз рӯи анъана ғусли таъмид дар арафаи иди мавлуди Исо баргузор мегардад. Пайравони мазҳаби православӣ бо  таҷлили ғусли таъмид ба  иди мавлуди Исо тайёрӣ мебинанд.Пайравони мазҳаби православӣ имшаб иди мавлуди Исоро ҷашн мегиранд. Ба ин муносибат дар ибодатхонаи православии Николск тамоми шаб намоз хонда мешавад. Диндорон аз рӯзи иди мавлуди Исо сар карда, 40 рӯз рӯза мегиранд. Онҳо дар  ин муддат аз тановули ғизои  аз  гӯшту равғани ҳайвонот тайёркардашуда худдорӣ мекунанд.

Январь 6, 2009 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд