ТАҶЛИЛИ СОЛИ БАЙНАЛХАЛҚИИ НАХИ ТАБИӢ

Январь 24, 2009 11:53

                Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 22 январ дар қароргоҳи марказии муассисаҳои озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Соли байналхалқии нахҳои табиӣ расман эълон карда шуд. Ҳадафи маъракаи мазкур беҳтар сохтани шароити зиндагии коргаронест, ки нахҳои табииро истеҳсол карда, аз он газвор ва либос тайёр мекунанд.               Ҳар сол дар миқёси ҷаҳон 30 миллион тонна нахи табиӣ истеҳсол карда мешавад, ки даромади он 40 миллиард доллари ИМА — ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар ҷаҳон дар як сол 25 миллион тонна нахи пахта ва 2,2 миллион тонна нахи пашмӣ истеҳсол карда мешавад.               Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008 — ум 7,7 фоизи ҳаҷми умумии нахи пахтаи дар мамлакат истеҳсолшуда ба мамлакатҳои дигар фурӯхта шуд. Нархи миёнаи нахи пахта соли гузашта нисбат ба соли 2007 — ум 146 доллар боло рафт ва нархи як тоннаи он 1295 доллари ИМА — ро ташкил дод.               Мухбири АМИТ «Ховар» зикр мекунад, ки Соли байналхалқии нахҳои табиӣ дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад.

Январь 24, 2009 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад