ТАДБИРҲОИ ТАЪҶИЛИИ ПЕШГИРИИ ПАҲН ГАРДИДАНИ БЕМОРИИ МАРГОВАР

Январь 9, 2009 09:32

Пекин, 9 январ. (АМИТ «Ховар» — РБК).- Мақомоти Ҷумҳурии Мардумии Чин дар пойтахти мамлакат — шаҳри Пекин баъди вафоти як нафар зан бар асари бемории зукоми мурғон тадбирҳои таъҷилӣ меандешанд. Ҳадафи ин тадбирҳо пешгирии паҳн гардидани ин бемории марговар мебошад.Хабар дода мешавад, ки сокини 19- солаи шаҳри Пекин Хуан Янсин 5 январ дар шифохона вафот кард. Натиҷаҳои ташхис нишон доданд, ки ӯ аз микроби бемории хатарноки зукоми мурғон фавтидааст.Айни ҳол муассисаҳои тиббии шаҳри Пекин шабу рӯз кор мекунанд. Духтурон тамоми сокинони пойтахтро бо мақсади ошкор сохтани нишонаҳои бемории зукоми мурғон муоина менамоянд. Дар маҳалҳои гуногуни шаҳр бунгоҳҳои махсуси тиббӣ кушода шудаанд, ки хоҳ шаб  ва хоҳ рӯз беморони таби баланддоштаро қабул карда, хуни онҳоро ташхис мекунанд.Ворид сохтани тамоми навъу намуди  мурғон ба Пекин манъ карда шуд. Мутахассисон тамоми бозорҳо ва муассисаҳои савдоро тафтиш мекунанд. Дар ҷараёни тафтиш маълум карда шуд, ки  зани вафоткарда як рӯз пеш аз бозор чанд  мурғобӣ харида, аз онҳо хӯрок тайёр кардааст. Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, баъди соли 2003 дар саросари ҷаҳон аз бемории  зукоми мурғон 248 нафар вафот кардааст,  ки 21 нафари онҳо аз Чин мебошанд.

Январь 9, 2009 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд