ТАДБИРИ МУҲИМ БАРОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ САРАТОН

Январь 8, 2009 10:37

        Душанбе, 8  январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). –  Мувофиқи  фармони  вазири тандурустии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Нусратулло  Салимов   аз  23  декабри  соли гузашта  сар  карда,  дар  Душанбе  маъракаи  гузаронидани  дору  ба организми  духтарони  донишҷӯи  курсҳои   сеюм  ва  чоруми  Донишгоҳи  давлатии  тиббии  ба  номи  Абӯалӣ  ибни  Сино,  Донишгоҳи  миллӣ, Донишгоҳи  технологии  ба  номи М.Осимӣ  ва  Коллеҷи  тиббии ҷумҳурӣ  бо  мақсади  пешгирии   бемории  саратони  гарданаи  раҳим   доир  мегардад.  Дар  давоми  маърака ба  организми  бештар аз  6  ҳазор  духтар   дору  гузаронида хоҳад шуд.  Бо  мақсади  пешгирии  саратони  аъзои  таносули  занон бо  кӯмаки  Муассисаи  хайрияи  Департаменти  давлатии  ИМА 19 ҳазор  воя  доруи  гардасил  харида  шуд.       Ҳадафи   маъракаи  мазкур  пешгирии  паҳншавии  навъҳои  гуногуни   микроби  саратони  инсон  мебошад.  Дар  ин бора  аз  дафтари  матбуоти  вазорати  тандурустӣ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.

Январь 8, 2009 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад