ТАЪМИР ДАР НБО-И НОРАК ОҒОЗ ЁФТ
Дар манбаи асосии энергетикии кишвар НБО-и Норак таъмири пурраи агрегати сеюм оғоз ёфт. Барои таъмири ин агрегат чархи зиёда аз 100-тоннагии он дар Ҷумҳурии Украина тайёр карда шуда, 15 июни соли 2008 тавассути тайёра ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуда буд. Мутобиқи шартнома таъмирро ҶММ «Бурейск СГ»-и Федератсияи Россия, ки чанде қабл агрегати 3-юми НБО Сангтӯда 1-ро васл карда буд ба ӯҳда гирифтааст.Аз рӯи нақша таъмир бояд дар муддати 5 моҳу 20 рӯз ба анҷом расад. То охири сол дар асоси дархости ҷониби Тоҷикистон боз як чархи 100 тоннагӣ аз Ҷумҳурии Украина омода шуда ба Норак оварда мешавад. Дар ин бора котиби матбуотии Ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ иттилоъ дод.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






