ТАЪРИХИ БЕШ АЗ САД-СОЛАИ МАТБУОТ
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Китоби нави олимони шинохта Иброҳим Усмонов ва Давлат Давронов бо номи «Таърихи журналистикаи тоҷик» имрӯз дар меҳмонхонаи «Каён» муаррифӣ карда шуд. Китоби мазкур бо маблағгузории Институти кушодаи- Фонди Сорос дар матбааи «Азия принт» аз чоп баромад. Дар он таърихи беш аз садсолаи матбуот ва рӯзноманигории тоҷик, лаҳзаҳои асосии ҳаракати демократӣ дар Осиёи Миёна, ташаккул ва инкишофи матбуоти ҳизбию шӯроӣ, пайдоиш ва ташаккули матбуот, радио ва телевизиони мустақил таҳлил шудааст. Инчунин муҳимтарин нашрияҳои ба забони тоҷикӣ ва соири забонҳои кишвар нашр шуда, масъалаҳои муҳими матбуот таҳлилу инъикоси худро ёфтааст. Ин китоб бо номи «Таърихи матбуоти тоҷик» бори аввал соли 1997 чоп шудааст. Дар нашри нав муаллифон онро ба куллӣ такмил карданд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






