ТЕАТРИ ЛУХТАКИ БА НОМИ ОБРАЗЦОВА БОРИ АВВАЛ БА ОСИЁИ МАРКАЗӢ САФАР МЕКУНАД
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Соли равон ҳунарпешагони Театри лухтаки ба номи Елена Образцова бори аввал дар озмуни ҳарсолаи театрии «Парасту» иштирок хоҳанд кард. Ҳунарпешагони тетар намоишномаи «Консерти ғайримуқаррарӣ » — ро ба тамошобинони тоҷик пешкаш менамоянд. Бояд гуфт, ки театри мазкур дар байни тамошобинон бо ҳамин намоишнома машҳур гардидааст. Ҳунарпешагони он баъди анҷоми озмун ба сафари ҳунарии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мебароянд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Театри лухтаки шаҳри Душанбе соли гузашта дар шаҳри Маскав дар Ҷашнвораи байналхалқии театрҳои лухтак ширкат варзида буд. Дар ҳамон ҷо байни Театри лухтаки шаҳри Душанбе ва театри лухтаки ба номи Е.Образцова дар бораи сафарҳои ҳунарӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо карда шуд. Ҳунарпешагони театр моҳи апрел ба Тоҷикистон меоянд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






