ТЕАТРИ «ПАДИДА» БА ТУРКИЯ МЕРАВАД
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Ҳунарпешагони навраси театри «Падида» дар ҷашнвораи байналхалқии эҷодиёти бачагонаи «Нисон- 23», ки дар Туркия баргузор мегардад, ширкат меварзанд. Директори театр Ҳабибулло Абдураззоқов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки барои ҷашнвораи мазкур барномаи махсуси консертӣ таҳия карда шудааст. Ҳунарпешагони навраси театр дар давоми 11 рӯз ба шаҳру вилоятҳои калонтарини Туркия рафта, ҳунари волои худро ба тамошобинон намоиш хоҳанд дод. Мо мехоҳем намунаҳои фолклор ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистонро ба воситаи рақс ифода кунем. Ҳунармандони ҷавон имрӯзҳо ба ҷашнвораи мазкур ҳамаҷониба тайёрӣ мебинанд, гуфт Ҳ.Абдураззоқов.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






