ТЕЛЕВИЗИОНИ «ҶАҲОННАМО» ҚАРОР ДОДААСТ, КИ ИМСОЛ ДАР АЛҶАЗОИР БУНГОҲИ
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Баҳри ислоҳи камбудӣ дар пахши нокифояи барномаҳои Телевизионҳои «Сафина», «Баҳористон» ва «Ҷаҳоннамо» Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, ки дар соли 2009 ҳудуди пахши барномаҳои ин шабакаҳоро зиёд намояд. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2008 раиси Кумитаи телевизион ва радио Асадулло Раҳмонов хабар дод. Ӯ зикр намуд, ки танҳо дар моҳи март дар як қатор минтақаҳои зичаҳолии ҷумҳурӣ 35 адад фиристандаҳои пуриқтидор насб карда мешавад. Аз рӯи лоиҳа, то соли 2015 барномаҳои шабакаҳои радиотелевизиониро дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ тамошо хоҳанд кард. Имрӯз 99% — и алоҳӣ имкони тамошои барномаҳои Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистонро доранд, дар ҳоле, ки наздики 40 сол ҳамагӣ 77% — и аҳолӣ бо барномаҳои ин шабака таъмин буданду халос. Асадулло Раҳмонов дар бораи натиҷаҳои соли гузашта маълумот дода, қайд намуд, ки дар давоми соли 2008 барои пахши барномаҳои телерадиоӣ ҳамагӣ 65 адад фиристандаҳои нав гузошта шуданд. Яке аз комёбиҳои назарраси соли сипаригаштаи Кумита дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналхалқии алоқаи кайҳонии «Интерспутник» таъсис додани Корхонаи муштараки «Исател» мебошад, ки самти асосии фаъолияти он хизматрасонии алоқавӣ дар ташкили каналҳои радифии байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ дар Ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаламрави мамлакатҳои Аврупо, Африқо, Шарқи наздик ва Осиёи Миёна мебошад. Имрӯз ҶСК «Телерадиоком» ягона операторест, ки воситаҳои рӯизаминии алоқаи радифро барои пахш намудани барномаҳои радиотелевизионӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ пурра ба ӯҳда дорад. Маҷмӯи фиристандаҳои он дар мавҷи мутавассит қудрати пахши радиобарномаҳоро ба тарафи Ҳиндустон, Индонезия, Покистон, Афғонистон, Эрон ва мамлакатҳои нимҷазираи Араб дорад. Воситаи таҷҳизоти техникии телевизионӣ дар соли ҷорӣ 29634922 соат фаъолият намуданд. Дар соли 2008 ҷиҳати пахши барномаҳои шабакаи иттилоотии телевизиони «Ҷаҳоннамо» каналҳои интиқолкунанда ба воситаи хатҳои радиорелегӣ то вилоятҳои Хатлон ва Суғд насб карда шуданд. Дар соли 2009 Кумита ният дорад, ки дар кишварҳои хориҷ фаъолияти марказҳои иттилоотии худро ба роҳ монад. Аз ҷумла, телевизиони «Ҷаҳоннамо» қарор додааст, ки дар давоми сол дар Алҷазоир як бунгоҳи хабарӣ кушояд. Ба ин васила байни ТВ «Ҷаҳоннамо» ва телевизиони давлатии Алҷазоир мубодилаи иттилоот сурат хоҳад гирифт.








Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд






