ТЕЛЕВИЗИОНИ «ҶАҲОННАМО» ДАР КАТАР НАМОЯНДАГИИ ХУДРО МЕКУШОЯД

Январь 21, 2009 15:15

                Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Асадулло Раҳмонов дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки дар давоми соли равон барномаҳои муассисаҳои телевизионии «Сафина», «Баҳористон» ва «Ҷаҳоннамо» — ро сокинони тамоми гӯшаю канорҳои мамлакат тамошо хоҳанд кард. Аз моҳи март сар карда, дар минтақаҳои сераҳолии мамлакат 35 бунгоҳи пахши барномаҳои телевизионӣ насб карда мешаванд.                А.Раҳмонов афзуд, ки чунин бунгоҳҳо то соли 2015 дар сар то сари мамлакат насб карда хоҳанд шуд. Имрӯз барномаҳои Шабакаи аввали телевизиони ҷумҳуриро 99 фоизи аҳолии мамлакат тамошо мекунад. Соли 2008 дар Тоҷикистон 28 студияи телевизионии хусусӣ ва 6 радиостантсия ба қайд гирифта шуд.                Ба қавли раиси кумита, муассисаи телевизионии иттилоотии «Ҷаҳоннамо» қарор додааст, ояндаи наздик шабакаи бунгоҳҳои хабарии худро дар хориҷи кишвар бештар созад. Тибқи нақша соли 2009 бунгоҳи хабарии муассисаи телевизионии мазкур дар Катар кушода хоҳад шуд. Тарҷумон — Қудратов А.  

Январь 21, 2009 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид