«ТОҶИК-ЭЙР» «ТОҶИКСУҒУРТА»-РО БА ТАШВИШ ОВАРДААСТ

Январь 20, 2009 15:01

              Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — «Имрӯз мо тамоми имкониятҳоро фароҳам меоварем, то ки таваҷҷӯҳи сокинони ҷумҳуриро нисбат ба Ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» зиёд кунем. Чӣ тавре, ки дида истодаем, ҳодисаҳои сӯхтор дар бозорҳо ё садамаҳои нақлиётӣ рӯй медиҳанд, бинобар ин дар ҳолати рух додани ин гуна ҳодисаҳо ва суғуртаи молу амвол доштани зарардидагон мо метавонем молу амволашонро ҷуброн намоем. Вале, имрӯз дар ҷумҳурии мо шахсони молу амволашонро суғурта мекардагӣ каманд», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 20 январ, раиси Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» Муҳибалӣ Сафаров.               Номбурда афзуд, ки аз роҳбарони вазоаратҳо, раисони бонкҳо сар карда то мардуми бозорнишин ба суғуртакунӣ майлу хоҳиш надоранд. Дар давоми соли сипаригардида, ҳодисаҳои сӯхтор дар бозори «Корвон», бозори «Шоҳмансур», дар Маркази савдои «Садбарг», Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон рух дод, ки аз сабаби надоштани суғурта мо қариб, ки ба онҳо ёрӣ расонида натавонистем. Фақат ба якчанд нафар савдогари бозори «Шоҳмансур», ки ба маблағи 2 сомонӣ суғурта карда буданд, ёрӣ расонидему халос.              «Дар ҳолати рух додани ягон ҳолати садамавӣ кормандони мо ҳатто ба беморхона рафта ба он шахсоне, ки суғурта доранд ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ ёрӣ мерасонанд», — идома дод, М. Сафаров.              Ширкати «Тоҷиксуғурта» имрӯз бо 5 ҳазор хоҷагии ёрирасони кишорварзӣ оид ба суғуртакунӣ гуфтушунидҳо дорад.              Имрӯз ягона масъалае, ки моро ба ташвиш овардаст ин напардохтани қарзи КВД «Тоҷик-Эйр» ба маблағи 14 миллион сомонӣ ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба маблағи зиёда аз 620 ҳазор сомонӣ мебошад. Дар ин бора Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавҷуд аст, вале то имрӯз ин масъала ҳалли худро наёфтааст.  

Январь 20, 2009 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад