ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ КИТОБИ БЕЛОРУСИЯ ШИРКАТ МЕВАРЗАД
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Аз 11 то 15 феврал дар шаҳри Минск таҳти унвони «Китобҳои Белорусия — 2009» намоишгоҳи байналхалқии китоб баргузор мегардад. Дар ин намоишгоҳ Тоҷикистон низ ширкат хоҳад варзид. Хабар дода мешавад, ки адибон ва ноширони тоҷик дар мизи мудаввари байналхалқӣ ширкат меварзанд, ки дар шаҳри Минск бо ташаббуси муассисаи нашрияи «Адабиёт ва ҳунар» гузаронида мешавад. Сардори раёсати нашриёту полиграфияи вазорати фарҳанг Мирзобадал Бадалов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар намоишгоҳи Минск 150 номгӯй китобҳои чопи нашриётҳои «Ирфон», «Маориф» ва «Адиб» пешкаши тамошобинон гардонда мешаванд. Ин китобҳо дар давоми соли 2008 чоп шудаанд. Инчунин дар доираи намоишгоҳ Баёзи чорҷилдаи «Намунаҳои эҷодиёти шоирону нависандагони Белорусия» ба забони тоҷикӣ пешкаши харидорон гардонда хоҳад шуд. Тарҷумон — Қудратов А.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






