ТОҶИКИСТОН ФАЪОЛИЯТИ РАВИЯИ ДИНИИ «САЛАФИЯ»-РО ҒАЙРИҚОНУНӢ ДОНИСТ

Январь 9, 2009 10:59

Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- 8 январи соли 2009 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии муовини аввали раиси Суди Олӣ Наим Мансуров парвандаи гражданӣ аз рӯи даъвои Прокуратураи генералӣ ба манфиати ҳимояи сохти конститутсионӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.  Аз маркази матбуоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки бо ҳалномаи Суди Олӣ аз 8 январи соли 2009 баҳри таъмини ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти ҷумҳурӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирии ҳолатҳои барангехтани кинаву адоват, низои миллӣ нажодӣ, маҳалгароӣ, динӣ ва паст задани шаъну эътибори миллӣ, фаъолияти равияи динии «Салафия» ҳамчун ғайриқонуни амалкунанда эътироф карда шуда, фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.            Ҳамзамон бо ҳалномаи мазкур ба ҳудуди ҷумҳурӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи ғояҳои «Салафия» ворид ва паҳн намудани аудиовидеосабтҳо, адабиёт ва варақаҳои он низ манъ карда шуд.

Январь 9, 2009 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад