ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН САРМОЯГУЗОРОНРО ҲАВАСМАНД МЕГАРДОНАНД

Январь 28, 2009 14:53

                 Душанбе, 28 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 28 январ палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориро тасдиқ намуд.                Зимни баррасии ин масъала Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамралиев гуфт, ки Созишномаи мазкур 13 майи соли 2004 дар шаҳри Исломобод ба имзо расидааст.                 Ин санад ба принсипҳои асосии ҳуқуқӣ асос ёфта, баҳри тақвияти муносибатҳои дӯстона, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ташкили фазои мусоиди сармоягузорӣ барои сармоягузорони ҳар ду ҷониб мусоидат менамояд. Мувофиқи муқаррароти Созишномаи мазкур тарафҳои аҳдкунанда ӯҳдадор мешаванд, ки сармоягузории тарафи дигарро барои сармоягузорӣ дар ҳудуди худ ҳавасманд намоянд.                  Ҳамчунин, санади мазкур кафолат медиҳад, ки идора, дастгирӣ, истифода, интиқол, бархӯрдорӣ ва эҳтиёҷдории сармогузорон дар қаламрави онҳо аз тарафи сармоягузорони дигар ва инчунин аз тарафи ширкату корхонаҳое, ки дар онҳо чунин сармоягузориҳо ҷой доранд ба чораҳои беасос ё дискриминнатсионӣ гирифтор карда намешаванд.                 Тибқи ин санад ҳар яке аз тарафҳои аҳдкунанда дар қаламрави худ муҳити қонунгузорие, ки тартиби низоми ҳуқуқиро кафолат медиҳад, муҳайё менамоянд.                 Бояд зикр кард, ки тасдиқ гардидани Созишномаи мазкур ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон нақши муассир мегузорад. Бахусус барои соҳибкорони тоҷик фазои мусоиди ҳуқуқиро фароҳам меорад. Алҳол байни Тоҷикистону Покистон дар бахши коркарди пӯсту пашм ва маҳсулоти кишоварзӣ ҳамкории самарабахш вуҷуд дорад, ки он дар оянда тавсеа хоҳад ёфт.   

Январь 28, 2009 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд