«ТОҶИКСТАНДАРТ» СОҲИБКОРОНРО МЕОМӮЗАД
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади ба меъёрҳои байналхалқӣ ва стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудан ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар давоми соли 2008 Агентии «Тоҷикстандарт» дар якҷоягӣ бо ҶСК «Интурист — Тоҷикистон», Фонди миллии «Шоҳроҳи абрешим» ва мактаби миллии Туризм курсҳои кӯтоҳмуддати «Пешхизмати тарабхона» ва «Корманди меҳмонхона»-ро ташкил карда гузарониданд, ки 133 нафар шунавандагони курсҳои номбурда соҳиби маълумоти касбӣ гардиданд. Дар Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки дар асоси талабу дархостҳои соҳибкорон чунин курсҳои кӯтоҳмудат дар назди корхонаҳо низ гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, дар назди тарабхонаҳои «Престиж», «Ёқут» ва ошхонаи «Лаззат»-и шаҳри Душанбе чунин омӯзишҳо гузаронида шуда, 35 нафар шунавандагони он баъди супоридани имтиҳон соҳиби сертификати касбӣ гардиданд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар давоми соли 2008 Агентии «Тоҷистандарт» барои таҷрибаомӯзӣ дар хориҷи кишвар 69 сафар ташкил намуд, ки 26-тои он иштирок дар курсҳои омӯзишӣ буд. Дар ин замина ду нафар мутахассиси шӯъбаи ваколатдиҳӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон курси кӯтоҳмуддати омӯзиши стандартҳои байналмилалиро хатм намуда, соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






