УСТОДИ ПАХТАИ МАҲИННАХИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Олег Соболев).- Баъди давраи ҷанги дохилӣ аз оғози солҳои 90 — уми асри ХХ истеҳсоли пахта дар Тоҷикистон хеле кам шуд. Вале, пеш аз ин, солҳои 70-80 дар мамлакати мо то 1 миллион тонна «тиллои сафед» ҷамъ оварда мешуд. Имрӯз ҳосили умумии пахта ҳатто то 500 ҳазор тонна намерасад. Таърихи тараққиёти соҳаи пахтакорӣ шаҳодат медиҳад, ки ҷумҳурии мо барои чандин баробар зиёд кардани ҳосилнокии пахта имкониятҳои фаровон дорад. Дар пешрафти соҳаи пахтакории мамлакат саҳми Вячеслав Красичков барин олимон ва офарандагони навъҳои гуногуни пахтаи маҳиннах хеле калон аст. Навъҳои пахтаи маҳиннахи офаридаи В.Красичков, ки асосан дар водии Вахш парвариш карда мешуданд, ҳосили фаровон медоданд. В.Красичков дастпарвари Донишкадаи кишоварзии шаҳри Владикавказ мебошад. Бо ҳукми тақдир оғози фаъолияти илмии ӯ ба давраи иҷрои вазифаи дорои аҳамияти давлатӣ, яъне аз вобастагии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ворид сохтани пахта аз хориҷи мамлакат рост омад. Бо ин мақсад дар водии Вахш барои парвариши навъҳои нави пахта қитъаи махсус ҷудо карда шуд. Дар заминаи он Маркази минтақавии таҷрибавии пахтаю юнучқаи Вахш таъсис ёфт. Красичков барои ба роҳ мондани тадқиқоти илмии худ пешакӣ тайёрӣ дида, бо худ чанд халта намунаҳои гуногуни чигитро ба Тоҷикистон овард. Худи В.Красичков фарзанди деҳқони рус буда, вақти ба Тоҷикистон омаданаш ҳамагӣ 32 сол дошт. Вай тамоми умр ба парвариши навъҳои наву серҳосили пахта машғул гардид, ки Тоҷикистонро дар саросари ҷаҳон ҳамчун ватани пахтаи маҳиннахи шӯравӣ машҳур гардониданд. Ман ҳамон солҳо сармуҳаррири ТоҷикТА будам ва дар бораи фаъолияти илмию эҷодии В.Красичков ҳазорҳо хабару мақола пахш намудаам. Вай соли 1957 академики Академияи илмҳои Тоҷикистон гардида, соли 1966 унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ гирифт. Ман ҳамон вақт дар аксари мавридҳо бо Красичков дар маҷлисҳои Академияи илмҳо ва конфронсҳои гуногун рӯ ба рӯ мегардидам. Ин ҷо бояд ёдовар шуд, ки ҳамон солҳо ба ақидаи мутахассисон парвариши пахтаи маҳиннах дар Осиёи Марказӣ ғайриимкон буд ва аз он имконияти ба даст овадани ҳосили фаровон вуҷуд надошт. Вале дар натиҷаи заҳмати тӯлонии Красичков ва шогирдону ҳамкасбони ӯ исбот карда шуд, ки шароити иқлими водии Вахши Тоҷикистон барои парвариши навъҳои маҳиннаху миёнанахи пахта комилан мувофиқ мебошад. Красичков ва ҳамкоронаш навъҳои нави пахтаро дар ҳамин ҷо ба вуҷуд оварда, аз онҳо ҳосили фаровон гирифтанд. Онҳо барои ин хусусиятҳои морфологию биологии навъҳои гуногуни чигит ва ниҳолҳои пахтаро омӯхтанд. Олим барои ин аз навъҳои гуногуни чигити аз Миср, Перу, Мексика, Колумбия, Ҳиндустон, Судон ва мамлакатҳои дигар ба даст овардааш истифода намуд. Яке аз шогирдони нахустини В. Красичков- академик Бобо Сангинов ёдовар мешавад, ки солҳои нахустини парвариши пахтаи маҳиннах дар Тоҷикистон ба замин навъҳои нисбатан дерпазаки чигити аз мамлакатҳои хориҷӣ овардашуда кишт карда, аз он ҳамагӣ 1,5 -6 сентнерӣ ҳосил гирифта мешуд. Зеро мутахассисон хусусиятҳои биологӣ, морфологӣ ва усулҳои агротехникии парвариши пахтаро намедонистанд. Ҳамон солҳо дар водии Вахш навъҳои чигити Ошмуни, Моорад, Пима, Сокил, Фуод, Упорос, Зағора, Намккула, Ноод ва ғайра барои санҷиш корида, ба шароити маҳал мувофиқ карда мешуданд. Бояд гуфт, ки ин навъҳои чигит хеле дер сабзида, ба ҳавои сарди фасли тирамоҳи минтақаи Осиёи Марказӣ тобовар набуданд. Бинобар ин бисёр вақт ҳосили онҳоро дар мӯҳлати муқарраршуда ҷамъ овардан имкон надошт. Нахи ин навъҳои пахта низ нисбатан кӯтоҳ буда, аҳамияти ночизи саноатӣ дошт. Ҳанӯз аз хотирам нарафтааст, ки боре ҳайати калони мутахассисони соҳаи кишоварзии мамлакатҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон омад ва меҳмонон бо фаъолияти Маркази минтақавии таҷрибавии пахтаю юнучқаи Вахш шинос гардиданд, ки ба он В.Красичков роҳбарӣ мекард. Меҳмонон пахтазорро аз назар гузаронида, бо ганҷинаи тухмиҳои ҷамъовардаи олим шинос гардида, ба гармии офтоби тобистон тоб наоварда, дар сояи чинори баланд ҷамъ омаданд. Вячеслав Красичков, ки бо таъсири ҳавои гарми тобистон ранги рӯяш гандумгун гардида буд, ба ҷамъомадагон дар бораи масъалаҳои нозуктарини селексияи пахта ва шароити иқлими водии Вахш бо ҳайаҷон нақл кард. В.Красичков дар давоми фаъолияти илмиаш ҳамроҳи шогирдаш Б.Сангинов навъҳои нави пахтаи 6465-В, 6249-В, 6808-В ва ғайраро ба вуҷуд овард. Чигити ин навъҳои пахта то соли 1980 дар бисёр минтақаҳои Тоҷикистон дар масоҳати то 90 ҳазор гектар корида мешуд. Аз ҳама муҳимаш ҳамин буд, ки ҳосили ин навъҳои пахтаро охири моҳи октябр ва аввали моҳи ноябр ҷамъ меоварданд. Дар натиҷа барои ҷамъоварии ғӯзапоя, шудгор ва кишти тирамоҳӣ вақти кофӣ боқӣ мемонд. Саҳми олим дар селексия ва тухмипарварии пахтаи миёнанах низ хеле калон аст. Олим тухмии пахтаи миёнанахро барои ба вуҷуд овардани навъҳои нави чигит истифода мебурд. Навъҳои нави пахтаи бавуҷудовардаи В. Красичков солҳои тӯлонӣ дар ҳамаи ҷумҳуриҳои пахтакори Осиёи Марказӣ кишт карда мешуд. Красичков дар натиҷаи тадқиқоти пурарзиши илмии худ хулосаи мутахассисонро рад кард, ки ба ақидаи онҳо парвариши пахтаи маҳиннахро дар шароити Осиёи Марказӣ ғайриимкон мешумориданд. Селексионери маъруф барои ба даст овардани ҳадафҳояш усулҳои оқилонаи агротехникӣ ва парвариши навъҳои нави пахтаро истифода бурда, ҳамкорону шогирдонашро водор месохт, ки ба қоидаҳои кишти чигит, мӯҳлати кишт, меъёри коридани чигит дар масоҳати муайян ва зичии он аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Вай инчунин барои кишти чигит пеш аз ҳама хусусияти хок, мӯҳлати ба замин андохтани нуриҳои маъданӣ, пору, роҳу усулҳои бо мошин ҷамъ овардани ҳосилро ба назар мегирифт. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба хизматҳои В. Красичков дар пешрафти соҳаи пахтакорӣ баҳои баланд доданд. Ӯ барандаи ҷоизаи давлатии ИҶШС, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника, Арбоби хизматнишондодаи илм, агрономи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ва академики Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад.