ВАЗЪИ МОЛИЯВИИ КӮЛОБ БЕҲТАР МЕШАВАД

Январь 22, 2009 12:08

                Кӯлоб, 22 январ (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Кормандони раёсати молияи МИМХД ш. Кӯлоб соли 2008 -умро бо натичаҳои назаррас ҷамбаст намуданд. Ҳамкории ҳамарӯзаи кормандони раёсат бо кормандони нозироти андози шаҳри Кӯлоб имкон фароҳам овард, ки дар ин давра иҷрои нақшаи даромадҳо аз 16 сарчашмаи даромад ба пуррагӣ иҷро гардад.               Сардори раёсати молияи МИМХД ш. Кӯлоб Бахтиёр Назаров мегӯяд, барзиёд иҷро гардидани нақшаи даромадҳо аз ҳамаи сарчашмаҳо имкон фароҳам овард, ки аз ҳисоби барзиёдии буҷаи маҳаЛлӣ қисми зиёди маблағҳо дар соли 2008 барои соҳаҳои маориф (9млн 471 ҳазору 043 сомонӣ) ва соҳаи тандурустӣ (3млн 670 ҳазору 181 сомонӣ) равона карда шавад. Хароҷоти ин соҳаҳо 56 фоизи хароҷоти умумии буҷаи маҳаллиро ташкил медиҳад. Дар самти ҷамъоварии бақияпулиҳои андоз низ корҳои зиёд ба иҷро расонида шудааст.                Бояд қайд намуд, ки дар ҷаласаи ҷамбасти соли соли 2008 буҷаи маҳаллӣ барои соли 2009-ум 14 млн 975 ҳазору 412 сомонӣ муайян гардид, ки нисбати соли гузашта 75 фоиз зиёд мебошад.  

Январь 22, 2009 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд