ВОМБАРГҲОИ ҶТ БА МУОМИЛОТ БАРОВАРДА МЕШАВАНД

Январь 28, 2009 14:48

                 Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Вомбаргҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми марти соли 2009 то якуми марти соли 2019 ба мӯҳлати 10 сол ба муомилот бароварда мешаванд.                 Аз рӯи иттилоъи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, вомбаргҳои нав бо арзиши 10 ва 20 сомонӣ ба мӯҳлати 10 сол ба муомилот бароварда шуда, бурдҳояшон ба андозаи аз 20 то 1500 сомонӣ муқаррар гардидааст. Ин коғазҳои қиматнок феълан дар як ширкати олмонӣ, ки пулҳои миллии Тоҷикистон — сомонӣ низ дар он нашр шудааст, чоп мегарданд.                  Бояд гуфт, ки Вомбаргҳо дар соли 2009 аз тарафи муассисаҳои бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» озодона фурӯхта ва харида мешаванд. Дорандагони вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки барориши соли 2002 аз 1-уми марти соли 2009 метавонанд вомбаргҳои худро ё ба намунаҳои нав иваз кунанд ва ё маблағи онҳоро бозпас гиранд. Тиражи навбатии 41-уми бозиҳои вомбаргҳои давлатии дохилии бурдноки барориши соли 2002 дар бинои Вазорати молияи ҷумҳурӣ 30-уми январ баргузор мегардад.                Мавриди зикр аст, ки маълумот аз рӯи бурдҳои вомбаргҳои барориши соли 2009, ки ба аҳолӣ пардохт шудаанд, аз ҷониби БДА «Амонатбонк» ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ ҳар моҳ пешниҳод мегардад.

Январь 28, 2009 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад