ЯК БОМУ ДУ ҲАВО
Хоруғ, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Дар бозоргонии саросари олам вобаста ба воридоти мол нархи он тағйир меёбад, яъне гоҳ пасту гоҳ баланд мешавад, аммо дар ВМКБ анъанаи дар як сатҳ қарор доштани нарх побарҷост. Кам вақт мешавад, ки дар нарх тағйироте ба амал ояд. Он идороту ташкилотҳои давлатие, ки ба ин масъала сару кор доранд, хешро дар канор мегиранд. Чунончӣ чанд вақт қабл як литр бензин ба чор сомонӣ дакка мехӯрд. Нархи нақлиёти мусофирбар низ боло рафт. Имрӯз бошад нархи сӯзишворӣ қариб ду баробар поин рафт, аммо агар то ба ин ҳангоми чиптаи нақлиёти мусофирбар аз Хоруғ то маркази ноҳияи Рӯшон 10 сомонӣ қимат дошт, имрӯз низ маблағи роҳкиро чунин аст. Нархи нақлиётро хароҷот муайян мекунад. Аммо хароҷоти мусофирбарҳои хурди чинӣ Чанху, Хай-фай ва нақлиёти дигар хеле ночиз аст. Ин амал на танҳо дар ноҳияи Рӯшон, балки дар саросари вилоят ҷараён дорад. Нархи хатсайри Хоруғ-Душанбе аз 120 то 180 сомонист. Тобистон боз баланд мешавад, аммо ягон идороти ҳукуматӣ дар пайи танзими он нест. Нархро худи ронанда мемонад. Ҳарчанде иқтисоди бозоргонӣ бошад ҳам, нархи нақлиёт танзим мебояд, он тавре, ки раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ин корро сомон медиҳад. Бо ҷидду ҷаҳди Ҷаноби Олӣ, аз ҷумла, дар ВМКБ орд арзон шуд, аммо нархи маҳсулоте, ки аз орд истеҳсол мешавад, дар сатҳи қаблист. Умуман нархи бозорҳои Бадахшон хеле қимат аст, ки мақоли як бому ду ҳавои-ро ёд меорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст






