ЯКЕ АЗ БАРҶАСТАТАРИН ШАХСИЯТҲОИ ОЛАМИ ИСЛОМ
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам имрӯз дар Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ конфронси илмӣ таҳти унвони «Афкор ва осори Имоми Аъзам» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, дар он аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Конфронсро директори китобхона Шариф Тошев ифтитоҳ намуда, дар бораи вориси Паёмбари ислом — Имоми Аъзам Абӯҳанифа сухан намуд. Ҳамчунин олимон ва кормандони китобхона дар мавзӯҳои «Шахсияти илмӣ ва иҷтимоии Имоми Аъзам, «Аҳамияти китоби «Фиқҳи Акбар»- и Имоми Аъзам дар шинохти донишҳои ақидатӣ- фиқҳӣ», оиди аҳвол ва осори лозаволи ин шахсияти барҷаста, таърихи пайдоиши равия, мазҳабҳову фирқаҳо, ба хусус мазҳаби ҳанафия маърӯза намуданд. Дар хотима, иштирокчиён аз намоиши китоб, ки ба зиндагӣ ва осори Имоми Аъзам бахшида шуда буд, дидан намуданд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






