ҒИЗОДИҲИИ ҒАЛЛАИ ТИРАМОҲӢ ТАШВИШОВАР АСТ
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, ки рафти ғизодиҳии ғаллаи тирамоҳӣ хеле суст ҷараён дорад. Аз масоҳати 127 ҳазору 189 гектар заминҳои обӣ, ки дар он кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ҳамагӣ майдони 8 ҳазору 481 гектар як маротиба ғизо дода шудааст, ки ин баробари 3,9 фоизи заминҳои обӣ мебошад. Ғизодиҳии ғаллаи тирамоҳӣ дар вилояти Суғд 12,1 фоиз ё баробари 6146 гектар, вилояти Хатлон -669 гектар ё баробари 0,6 фоиз, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба андозаи 3,7 фоизи заминҳои киштшуда ғизо дода шудааст, ки боиси ташвиши ҷиддист.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






