ҚИСМҲОИ ЭҲТИЁТӢ ДАР ҶСП «ТАЪМИНОТИ ҲИСОР»

Февраль 24, 2009 14:52

             Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз таъсиси ҶСП «Таъминоти Ҳисор» як сол сипарӣ шуд. Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Таъминоти Ҳисор» барои таъмини саривақтии техникаи кишоварзӣ дар маркази ноҳияи Ҳисор 2 мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ ва техникаи кишоварзӣ кушод . Дар мағозаҳои таъсис додаи ҷамъияти мазкур, фурӯши ҳамаи намуди қисмҳои эҳтиётии техникаи кишоварзии истеҳсоли Россия ва Ӯзбекистон ба роҳ монда шудааст.             Танҳо дар соли 2008 ба ин ду мағоза ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ техника, мошинолот ва қисмҳои эҳтиётӣ ворид гардид.              Дар назар аст, ки соли ҷорӣ беш аз 2 миллион сомонӣ қисмҳои эҳтиётӣ, техника ва мошинолот тавассути ин ду мағоза ба фурӯш бароварда мешавад.

Февраль 24, 2009 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад