ҚУРБИ ДОЛЛАР ТАҒЙИР ЁФТ

Февраль 23, 2009 13:43

                   Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 20 феврали соли равон, дар давоми рӯз қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар муқоиса бо рӯзи гузашта каме тағйир ёфта, дар сатҳи 3,79 — 3,80 сомонӣ қарор гирифт.                   Аз маркази матбуоти БМТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор амалиётҳои бештар дар ҷуфти «сомонӣ — рубл» аз рӯи қурби миёнаи 0,1083 сомонӣ ба назар расид, вале аз рӯи ҷуфти «сомонӣ — доллар» амалиётҳои камтар анҷом дода шудаанд ва қурби миёнаи доллари ИМА аз рӯи додугирифтҳо 3,7750 сомониро ташкил дода, ба ягон тағйироти назаргир рӯ ба рӯ нашуд.                  Дар айни замон дар бозори дохилии асъор тамоюли зиёд шудани асъори хориҷӣ, аз ҷумла, доллари ИМА ба миён омад. Дар баъзе бахшҳои бозори асъор бошад, фаъол гардидани муомилот бо рубли Федератсияи Русия ба назар расид, ки вобаста ба ин, дар давоми рӯз тағйирёбӣ ҷониби паст шудани қурби доллари ИМА мушоҳида гардид.

Февраль 23, 2009 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд