ҚУРБИ ДОЛЛАР ЯКБОРА БОЛО РАФТ
Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъор нархи хариди як доллари амрикоӣ аз 3 сомонию 70 дирам то ба 3 сомонию 80 дирам баробар шуд. Рӯзи гузашта дар нуқтаҳои фурӯши дӯконҳои бозорҳои «Саховат» ва «Корвон» нархи як доллари амрикоӣ ба 3 сомонию 90 дирам баробар шуд. Ҳарчанд нархи доллар дар баробари сомонӣ боло рафта бошад, ҳам аксари масъулони фурӯши ин нӯқтаҳои пойтахт мегӯянд, ки барои фурӯш доллари нақд надоранд. Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон иллати поиншавии қурби сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷиро ба бӯҳрони молиявӣ нисбат медиҳанд. Раиси бонки миллӣ, зимни нишасти матбуотӣ иброз намуда буд, ки қурби пули миллӣ нигоҳ дошта мешавад, ва онро Бонки миллӣ дар як сатҳи муайян нигоҳ медорад, вале назар ба бозор мекунем ин он қадар чашмрас нест, чунки пули миллӣ қурбашро гум карда истодааст. Ҳамчунин, қайд гардида буд, ки бонки мазкур бо ин мақсад 100 миллион сомониро аз муомилот бароварда, ахиран беш аз 2 миллион долларро бо қурби 360 сомонӣ барои 100 доллар ба фурӯш гузоштааст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






