ҲАҶМИ ГАРДИШИ МУОМИЛОТИ МОЛ РӮ БА АФЗОИШ АСТ
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми гардиши мол дар соли 2008 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумурии Исломии Эрон 216,2 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2007 40 фоиз зиёд аст. Робитаҳои савдоӣ миёни ин ду давлат дар соҳаҳои гуногун беш аз пеш ривоҷ меёбанд. Асосан аз Ҷумҳурии Ислмии Эрон ба Тоҷикистон равғани растанӣ, гандум, шакар, гӯшти мурғ, тухм, ҳамчунин сӯзишворӣ ворид карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бештар маҳсулоти саноатӣ, аз қабили:алюминий, пилла,нахи пахта содирот менамояд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






