ҲАЙАТИ ПАРЛУМОНИИ ТОҶИКИСТОН ОЗИМИ КИШВАРИ АФСОНАВӢ МЕГАРДАНД
Душанбе, 25 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 25 феврал ҳайати гурӯҳи дӯстии парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, таҳти роҳбарии муовини раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти палатаи поёнии парлумони мамлакат Олимҷон Салимзода ба Ҷумҳурии Ҳиндустон сафар карданд. Ҳадафи сафар тақвияти робитаҳои парлумонӣ байни Тоҷикистону Ҳиндустон ва омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар мебошад. Қабл аз сафар вакили Маҷлиси намояндагон Олимҷон Салимзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар гуфт, ки сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Ҳиндустон бо даъвати Раиси палатаи поёнии парлумони Ҳиндустон — Лок Сабҳа доктор Лак Минараян Пандей сурат мегирад. Дар давоми беш аз як ҳафта ҳайати гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистон дар шаҳри Деҳлӣ бо ноиби Президенти ин кишвар, Раиси парлумони Ҳиндустон, Раиси палатаи савдою саноат, вазири туризм ва сайёҳии Ҳиндустон ва дигар шахсони баландпояи Ҳиндустон дидору мулоқот менамоянд. Ҳамзамон бо фаъолияти парулмони ин кишвар аз наздик шинос мешаванд. Инчунин, ҳайати парлумонии Тоҷикистон аз шаҳрҳои таърихӣ ва қадимаи Агра, Тривандрам ва Ҳайдарободи Ҳиндустон боздид намуда, бо ёдгориҳои таърихӣ ва дастовардҳои беназири иқтисодии ин кишвари афсонавӣ ошно мешаванд. Бояд зикр кард, ки сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Ҳиндустон сафари ҷавобӣ аст. Зеро як сол муқаддам, аниқтараш аз 8 то 14 апрели соли 2008 ҳайати парлумонии Ҳиндустон таҳти роҳбарии намояндаи парлумони Ҳиндустон Сайид Шаҳнавоз Ҳусейн ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






