ҲАЛОКАТИ ШАШ НАФАР БАР АСАРИ ТАРМА
Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Шаш нафар сокинони водии Зарафшон дар наздикии нақби «Истиқлол» дар шоҳроҳи Душанб-Хуҷанд зери тарма монда, ҷони худро аз даст додаанд. Ин ҳодиса субҳи 26-уми феврал рух дод. Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки нафарони фавтида дар як мошини Шевролет аз Душанбе ба самти Панҷакент ҳаракат мекардаанд, ки тақрибан то сесад метр аз даромадгоҳи нақби мазкур ногаҳон тарма фурӯ рехта, мошинро ба коми худ кашидааст. Дар миёни афроди ба ҳалокатрасида панҷ нафар аъзои як оила аз деҳаи Мадовраи ноҳияи Панҷакент, аз ҷумла Наврӯзов Абдухалил, Маҳфузаи Хусрав, Худоёров Абдубасир ва фарзандони мактабхони ӯ Мастонаи Абдубасир ва Насибаи Абдубасир, инчунин як донишҷӯ аз деҳаи Кумарви ноҳияи Айнӣ бо номи Одинаев Фирдавс будаанд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






