ҲАМКОРИИ ҶАМЪИЯТҲОИ ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОНУ КУВАЙТ
Душанбе, 12 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Муншии умумии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов бо даъвати роҳбарияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Кувайт барои боздиди расмӣ ба ин мамлакат рафт. Вай дар ин ҷо бо раиси Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Кувайт Борҷис Алборҷис мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва иваз намудани таҷрибаи ҷамъиятҳои ҳилоли аҳмари ҳар ду кишвар муҳокима шуданд. З.Муҳаббатов ба ҳамсӯҳбаташ дар бораи ҳамкории Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо корхонаю муассисаҳо, донорҳо ва ҷамъиятҳои ҳилоли аҳмари мамлакатҳои дигар маълумоти муфассал дод. Вай пешниҳод кард, ки таҷрибаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Кувайт дар Тоҷикистон дар соҳаҳои пешгирии бемориҳои сирояткунанда, аз ҷумла, ВИЧ/СПИД, бартараф сохтани оқибати фалокатҳои табиӣ ва расондани кӯмак ба гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ имстифода карда шавад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






