ҲАМОВОЗИ АЗ ИҚДОМОТИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН

Февраль 2, 2009 16:12

Мақолаи илмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Имоми Аъзам ва ҳуввияти миллӣ» ва умуман «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» эълон гаштани соли 2009 дар фазои илмию иттилоотии кишварҳои мусулмонии ҷаҳон, хусусан кишварҳое, ки мусулмононашон пайравони мазҳаби ҳанафӣ мебошанд, мавриди пуштибонӣ ва ҳамовозӣ қарор гирифтааст.Мақолаи илмии «Имоми Аъзам ва ҳуввияти миллӣ», ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паҳлўҳои гуногуни ҳаёти ибратомўз ва фаъолияти густурдаи илмию маънавии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абўҳанифа Нўъмон ибни Собитро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор додааст, дар воситаҳои ахбори умуми ватанӣ ва дигар кишварҳои мусулмонӣ васеъ инъикос мегардад, аз ҷумла дар рўзномаи бонуфузи «Ормони миллӣ» — и Афѓонистон.Чунонки қаблан хабар дода будем, иқдоми Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Мисри Араб бо шодию нишот пуштибонӣ ёфт ва аз ҷониби Президенти ин кишвар Ҳуснӣ Муборак нусха аз кинофилми 39-сериягии «Имом Ҳанифа Нуъмон» чун армуѓони идона ва саҳми мардуми Миср дар бузургдошти 1310-солагии Имоми Аъзам ба мардуми Тоҷикистон фиристода шуд.Айни ҳол ин кинофилм ба тоҷикӣ гардонда мешавад ва ба наздикӣ пешкаши тамошобинони телевизиони тоҷик хоҳад гашт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Февраль 2, 2009 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст