ҲИНДУСТОН ҚАРОР ДОД, КИ БАРОИ МАШҚҲОИ ТАБОБАТИИ ЙОГА ПАТЕНТ ГИРАД
Деҳли, 24 феврал. (АМИТ «Ховар» — Лента. Ру). — Ҳиндустон қарор дод, ки ҳуқуқҳои худро барои офаридани машқҳои табобатии йога қонунӣ гардонад. Барои ин комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки ба он бештар аз 200 нафар олими соҳаи тиб ва мутахассисони машқҳои табобатии йога шомил гардиданд. Олимон машқҳои гуногуни анъанавии табобатиро ба қайд гирифта, ҳуқуқи муаллифии мамлакатро ба онҳо қонунӣ мегардонанд. Ҳамин тариқ, Ҳиндустон ният дорад, ки анъанаи тиббии худ ва расму оинҳои ба онҳо вобастабударо аз муносибатҳои тиҷоратӣ ҳифз кунад. Бояд гуфт, ки айни ҳол машқҳои табобатии йога дар мамлакатҳои Аврупо ва ИМА хеле паҳн гардидаанд ва даромади солонаи онҳо дар як сол аз 225 миллиард доллари ИМА зиёд мебошад. Вале табибони ҳиндӣ барои машғулиятҳои табобатии йога аз мизоҷон пул намегиранд. Қайд карда мешавад, ки дар мамлакатҳои ғарб талабот ба ин машқҳо афзуда, мактабҳои махсуси йога ташкил намуда, соҳибони онҳо барои гузаронидани машқҳо патент мегиранд. Танҳо дар ИМА ба 130 мактаби таълимоти йога патент дода шуда, барои навъҳои гуногуни машқҳои мазкур 150 сертификати ҳуқуқи муаллифӣ дода шудааст. Илова бар ин, айни ҳол дар Амрико 2300 мактаби йога фаъолият дорад. Мутахассисони ҳиндӣ даъво доранд, ки табибони мамлакатҳои ғарб дар амал машқҳои табобатии йогаи ҳиндиро истифода бурда, бо ин роҳ маблағи калон ба даст меоранд.








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






